Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон фаромадани ҳафт тарма сабт шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон фаромадани ҳафт тарма ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
14 март дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ фаромадани тармаҳо сабт шуд. Ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои «Хоруғ — Ишкошим», «Хоруғ — Мурғоб» ва «Хоруғ — Кӯлоб — Душанбе» муваққатан қатъ карда шуд.
Инчунин дар километрҳои 71, 73 ва 79-и шоҳроҳи “Душанбе — Айнӣ” фаромадани тармаҳо сабт шуд, ки ин боиси танбашавӣ дар шоҳроҳ гардид. Дар айни замон роҳ пурра пок ва ҳаракат барқарор карда шудааст.
Ғайр аз ин, дар километри 303-юми шоҳроҳи “Ваҳдат — Лахш — Саритош” -и Ҷумҳурии Қирғизистон низ фаромадани тарма сабт шудааст, ки дарозиаш қариб 100 метр ва баландиаш 4 метрро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи фаромадани тарма талафот ва хароб шудани биноҳои истиқоматӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Барои рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиӣ Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи IRS техникаҳои махсус ҷудо намуданд ва роҳҳо тоза карда шуданд.
Ҳамаи ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо сабаби тағйир ёфтани обу ҳаво, бориши шадид ва эҳтимоли вуқӯи ҳолатҳои фавқулода ба реҷаи пурзӯри хидмат гузаштанд. Наҷотдиҳандагони Кумита навбатдории шабонарӯзиро дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар — «Душанбе — Хуҷанд» ва «Душанбе — Ванҷ» идома медиҳанд.
Бо сабаби бориш ва баланд шудани заминаи ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хавфи сатҳи баланди фаромадани тармаҳо, сангпораҳо ва селобҳо, инчунин ба вуҷуд омадани яхбандӣ дар ағбаҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо боқӣ мемонад. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо эҳтимоли фаромадани туман вуҷуд дорад.
Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳо ба минтақаҳои дорои хатари тармафароӣ, барои ҷамъоварии ҳезум, зироати кишоварзӣ дар мавзеъҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон, чаронидани ҳайвоноти хонагӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ чораҳои сатҳи баланди бехатариро риоя кунанд.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






