«Шарбат» ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар Душанбе» гардид

Март 20, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тарабхонаи «Шарбат» ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» дониста шуд. Роҳбарияти он бо ҷоизаи ғолиби озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2020» ва диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо қадрдонӣ гардид. Тарабхонаҳои «Яккасарой», «Дидор», «Шаҳрисабз» ҷойҳои ифтихорӣ муносиб гашта, ба онҳо низ сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  озмуни мазкур  дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 феврали соли 2021 бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ гардида буд.

Дар асоси Низомномаи озмун, зимни баҳогузорӣ а ҷониби ҳакамон тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон,  дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока бо истифодаи санъати баланди ороишӣ, ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуданд. Инчунин муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.

Даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҳанӯз оғози моҳи март ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври шаҳрӣ пешниҳод гардида буданд. Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» баргузор карда шуд.

Март 20, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд