Шумораи қурбониёни таркиш дар Ҳироти Афғонистон ба 8 нафар расид
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни таркиши мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар ноҳияи 14-и шаҳри Ҳироти Афғонистон ба ҳашт нафар расида, на кам аз 60 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бр истинод ба шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс» хабар медиҳад.
Ба иттилои волии вилоят Воҳид Каталӣ, ҳамла дар наздикии посгоҳи полис дар ноҳияи 14-уми Ҳирот шоми рӯзи ҷумъа рух додааст.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳафт нафар аз қурбониён ғайринизомиён мебошанд.
«Дар натиҷаи таркиш беш аз даҳ хона осеб дидаанд», — омадааст дар иттилоияи полиси Ҳирот.
Шоҳидон гуфтанд, ки аксари захмиён кӯдакон буданд.
Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо то ҳол бар дӯш нагирифтааст.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






