Собиқ бозигари «Помир» сармураббии дастаи «Ротор»-и Россия таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Юрий Батуренко сармураббии дастаи футболи «Ротор»-и Волгоград таъйин шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии дастаи мазкур хабар медиҳад.
Дар ин вазифа мутахассиси 56-сола Батуренко Александр Хатскевичи беларусро иваз кард, ки 19 март сабукдӯш шуда буд. Хатскевич «Ротор»-ро аз охири соли 2019 роҳбарӣ мекард.
Батуренко қисми зиёди фаъолияти худро дар дастаи «Помир»-и Тоҷикистон ва «Локомотив»-и Москва гузаронидааст. Ҳамчун ёвари сармураббӣ, ӯ бо Сёмин дар «Локомотив», «Габала»-и Озарбойҷон, «Мордовия»-и Саранск ва «Анжи»-и Махачкала кор кардааст.
Батуренко Юрий Михайлович 29 декабри соли 1964 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дар ҳайати дастаи «Помир» (Душанбе) ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Аввалин дастаи касбии Батуренко «Пахтакор»-и Тошканд буд, аммо ӯ қисми зиёди фаъолияти худро дар «Помир» гузаронида, дар ҳайати он зиёда аз дусад бозӣ анҷом додааст. Соли 1988 дар ҳайати «Помир» ӯ дар лигаи аввал чемпиони ИҶШС шуд. Устоди варзиши ИҶШС мебошад.
Аз соли 1992 то 1996 дар тими мунтахаби Тоҷикистон се бозӣ кардааст.
Пас аз пошхӯрии ИҶШС, Юрий Сёмин, ки Батуренкоро аз аз замони фаъолияти якҷояаашон дар «Помир» мешинохт, ӯро ба «Локомотив»-и Москва даъват кард. Дар ин даста Батуренко медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионати Россияро ба даст овард.
Пас аз анҷоми фаъолият, Батуренко ба ҳайати мураббиёни «Локомотив» дохил шуда, чанд сол бо дастаи ҷавонон ва бо «Локомотив-2» кор кард. Ҷои охирини кори Юрий Михайлович «Анжи»-и Махачкала буд.
АКС аз сомонаи дастаи «Ротор»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






