ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 март, ҷумъа, 85-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 26, 2021 08:00

26 марти соли 2009  зимни сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон 5 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

***

9 сол пеш, 26 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Афғонистон Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид.

 26 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Бангладеш – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Ветнам – Рӯзи ҷавонон.

 РӮЙДОДҲО:

26 марти соли 2010 муроҷиатномаи муштараки бизнес-ассотсиатсияи Тоҷикистон ба ташкилоти байналмилалӣ нашр карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуданд.

***

26  марти соли 2013  дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конфронси минтақавӣ оид ба татбиқи Нармафзорҳои Озод ва Кушодаасос (НОКА) баргузор гардид.

***

7 сол пеш, 26 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуда, дар фестивали кӯдакон иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии намоиш-ярмаркаи чоррӯзаи байналмилалии «Таҳсилоти россиягӣ-Душанбе-2014»  баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1996 Фонди байналмилалии асъор  ба Россия 6,9 миллиард доллар қарз ҷудо намуд, ки калонтарин карз дар таърихи фонди мазкур ба ҳисоб меравад.

Март 26, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст