ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 28 март, якшанбе, 87-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 28, 2021 08:00

28 марти соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 қабул гардид.

***

5 сол пеш, 28 марти соли 2014 Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиш дар шаҳри Лоҳури ҶИП ба Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем».

28 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Чехия – Рӯзи муаллим.

***

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

28 марти соли 2013 дар  Киев масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Украина баррасӣ карда шуданд.

***

2 сол пеш, 28 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 Ширкати нафтии Франсия таъсис дода шуд, ки ҳоло яке аз бузургтарин ширкатҳои нафтӣ дар ҷаҳон мебошад.

***

89 сол муқаддам,  28 марти соли 1930 Ҳизби комунистии Салвадор таъсис дода шуд.

***

28 марти соли 2003 Шӯрои Амнияти СММ якдилона барои аз нав барқарор намудани барномаи «Нафт бар ивази хӯрокворӣ» барои Ироқ  овоз дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2013  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

***

Соли 1891 аввалин маротиба чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши вазнин баргузор гардид.

Март 28, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш