ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 март, шанбе, 65-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 6, 2021 08:00

6 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

***

6 сол пеш, 6 марти соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

 6 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.

***

Дар Гана – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

6 марти соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи «Вахш»-и Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил шуд.

***

6 марти соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки донишҷӯи соли 2-юми факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Собирҷон Бобиев дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи Беларусу Россия   баргузор гардид, мақоми сеюм ва медали биринҷӣ ба даст овард.

***

187 сол муқаддам, 6 марти соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

***

6 марти соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлоли мамлакат овоз доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи «Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ» нашр шуд.

***

Соли 1902 клуби футболи «Реал» (Мадрид) таъсис дода шуд.

Март 6, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш