Таркиши навбатӣ дар Кобул боиси маҷрӯҳ шудани 15 нафар гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Кобул бо интишори як хабарнома иттилоъ додааст, ки нимаи дуюми рӯзи 15 март дар як автомашинаи мусофирбарӣ дар Кобул таркиш рух дод, ки дар натиҷа 15 ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии «Tolo News».
Дар ин хабарномаи омадааст, ки ин воқеъа тақрибан соати 15:50 дақиқа дар минтақаи Даҳани Боғи ноҳияи дуввуми шаҳри Кобули Афғонистон рух дод ва як автомашинаи тамғаи «Кастер», марбути вазорати алоқаи Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ифротгароён қарор гирифт.
Маҷрӯҳон барои табобат ба беморхона интиқол дода шуданд, илова шудааст дар хабарнома.
Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ariana News» хабар дода буд, 14 март низ дар Кобул ду таркиш рух дод, ки дар натиҷа се ғайринизомӣ кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуданд, ки ҳамаи онҳо мардуми одии ин кишвар мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, хонаводаҳои қурбониён ҳукумат, махсусан сохторҳои амниятиро ба он айбдор мекунанд, ки амнияти мардумро таъмин кардан наметавонанд ва ҳодисаҳои мудҳишро пешгирӣ намекунанд.
То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






