Таркиши навбатӣ дар Кобул боиси маҷрӯҳ шудани 15 нафар гардид

Март 16, 2021 08:52

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Кобул бо интишори як хабарнома иттилоъ додааст, ки нимаи дуюми рӯзи 15 март дар як автомашинаи мусофирбарӣ дар Кобул таркиш рух дод, ки дар натиҷа 15 ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи  шабакаи телевизионии «Tolo News».

Дар ин хабарномаи омадааст, ки ин воқеъа тақрибан соати 15:50 дақиқа дар минтақаи Даҳани Боғи ноҳияи дуввуми шаҳри Кобули Афғонистон рух дод ва як автомашинаи тамғаи «Кастер», марбути вазорати алоқаи Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ифротгароён қарор гирифт.

Маҷрӯҳон барои табобат ба беморхона интиқол дода шуданд, илова шудааст дар хабарнома.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ariana News» хабар дода буд, 14 март низ дар Кобул ду таркиш рух дод, ки дар натиҷа се ғайринизомӣ кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуданд, ки ҳамаи онҳо мардуми одии ин кишвар мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, хонаводаҳои қурбониён ҳукумат, махсусан сохторҳои амниятиро ба он айбдор мекунанд, ки амнияти мардумро таъмин кардан наметавонанд ва ҳодисаҳои мудҳишро пешгирӣ намекунанд.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Март 16, 2021 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид