Вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо сокинони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуд

Март 17, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Фондарё ва Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ғиёсиддин Шарифзода зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавзеҳ дода, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тадбирандешиҳо дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дод.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум барномаву стратегияҳои давлатиро қабул ва мавриди амал қарор дода, баҳри рушду нумӯи бемайлони ҷомеа ва некӯаҳолии мардуми кишвар аз тамоми имконият истифода мебарад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоат, шаҳраку деҳоти ноҳия низ доир мешавад.

Акс аз бойгонӣ

Март 17, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд