Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуданд

Март 16, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

«Дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд  Анвар Яъқубӣ нахуст меҳмононро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки вохӯрии  вакилон бо интихобкунандагон тибқи дастури Маҷлиси намояндагон сурат гирифта, барои дар сатҳи баланд доир намудани онҳо аз тарафи роҳбарияти вилоят ҷадвали вақти баргузории  ин ҷамъомадҳо тасдиқ шудааст»,-афзуд манбаъ.

Дар мулоқот  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Машраб Файзуллозода, Мавлудахон Мирзозода ва  Мирзоанвар Аҳмедов  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ  дода,  ба ҳозирин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим баёншуда тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар тамоми самтҳо муваффақона ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани нишондиҳандаҳо бо қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватан мавриди истифода қарор додани иншооти таъйиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди босуботи мамлакат шоистаи зикр мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз аз 15 март  мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон оғоз гардид, ки то 25 март идома меёбад.

Март 16, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид