Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ аз намуди самбо соҳиби 6 медал гардиданд

Март 29, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонӣ аз намуди самбо  бахшида ба  ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, дар он 11 нафар варзишгарони  шинохтаи тоҷик иштироки  фаъолона карда, соҳиби 6 медал – 1 тилло ва 5 биринҷӣ гардиданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи равияҳои самбои варзишӣ миёни мардон ва бонувон ва самбои размӣ миёни мардон сурат гирифт. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат карда, 6 медал-1 тилло ва 5 биринҷӣ ба даст овард.

Дар рӯзи аввал паҳлавони шинохтаи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 64кг-и самбои варзишӣ медали тилло ба даст овард. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров дар вазни -71кг-и самбои размӣ сазовори ҷои сеюм шуд.

Рӯзи дуюми мусобиқа дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг), Садр Боев (-88кг) ва дар самбои размӣ Меҳрубони Абдулҳақ (-64кг), Фирдавс Мирзоев (-79кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба  ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  25-26 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуд.

Март 29, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд