Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар қатори аввалинҳо эм карда шуд

Март 23, 2021 12:11

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и пойтахт маросими расмии оғози ваксинатсия (иммунизатсия) бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он хабарнигори АМИТ  «Ховар» ширкат намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар қатори аввалинҳо эм карда шуд. Пас аз ӯ муовинонаш Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед ва Самариддин Ализода  ваксина гирифтанд.

Аввалин нафаре, ки дар Тоҷикистон ба ӯ ваксинаи муқобили COVID-19  зада шуд, роҳбари Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави буд. Дар мусоҳиба бо хабарнигорон вай гуфт: » Бо эмкунии худ ман хостам нишон диҳам, ки ваксинаи AstraZeneca барои саломатӣ хатарнок нест». Вай шаҳваадони кишвари моро  даъват кард, ки бидуни ҳеҷ дудилагӣ  ваксина гиранд.

ДАР АКС: роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави

Ҷамолиддин Абдуллозода зимни маросим зикр кард, ки иммунизатсияи марҳилавӣ (эмгузаронӣ) алайҳи бемории сироятии COVID-19 дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз имрӯз оғоз ёфт. Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯзи 22 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расониданд.  Вазир ҳамчунин  гуфт, ки «эмкунӣ барои ҳифзи саломатӣ ҳатмист». Вай аз мардуми кишвар даъват кард, ки ба марказҳои тиббӣ омада,  ваксина гиранд.

Ба гуфтаи Вазири тандурустӣ, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 3000 нуқтаи эмгузаронӣ  омода карда шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, ба ҳолати имрӯз ҷумҳурӣ дар доираи барномаи COVAX 192 ҳазор воя (доза) ваксинаҳои AstraZeneca гирифтааст. Ояндаи наздик қисмати дуюми ваксинаҳо ба Тоҷикистон ворид мешавад.Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода буд, ки аввал табақаҳои  зерини шаҳрвандони кишвар эм карда мешаванд:

• кормандони соҳаи тандурустӣ

• кормандони соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ

• шахсони аз 60-сола боло

• шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ

• кормандони соҳаи илм ва маориф.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 22 март  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

ДАР АКС: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар қатори аввалинҳо эм карда шуд. АКС аз АМИТ «Ховар»

Март 23, 2021 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон