Вазорати дифои Афғонистон забти вулусволии Алмори Форёбро рад кард

Март 12, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба дунболи нашри гузоришҳо, ки гӯё «Толибон» вулусволии Алмори вилояти Форёбро забт намудаанд, вазоратҳои мудофиа ва дохилаи Афғонистон ин хабарро рад карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон, рӯзи панҷшанбе (11 март) бо ирсоли паёме ба расонаҳо гуфт, ки аксари минтақаҳои вулусволии Алмор аз «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пок шудаанд ва ба ҷангиёни он  гурӯҳ талафоти сангин ворид шудааст.

Ҷаноби Амон гуфт: «Яке аз посгоҳҳое, ки дар муҳосираи душман қарор дошт, озод карда шуд ва ҳоло вулусволӣ зери назорати неруҳои низомӣ ва полис қарор дорад».

Посгоҳи мазкур дар ноҳияи Алмори Форёб даҳ рӯз боз дар муҳосираи «Толибон» қарор дошт.

Ҳамчунон Вазорати мудофиаи Афғонистон бо нашри изҳороте гуфтааст, ки дар давоми 24 соати охир, дар натиҷаи амалиёти артиши Афғонистон дар ноҳияи Алмори вилояти Форёб 36 ҷангҷӯи гурӯҳи «Толибон» кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Ториқ Орин низ забти ноҳияи Алмори Форёбро рад кард ва гуфт, ки низомиёни афғон дар он вулусволӣ ҳузури фаъол доранд.

Вулусволиии Алмори вилояти Форёб аз маркази вилоят тақрибан 25 км дур ва яке аз ноамнтарин минтақаҳо ба шумор меравад.

Март 12, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд