ВКД ҶТ: Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст

Март 27, 2021 09:46

ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад.

Холов И.А. дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.

Холов И.А. маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов Б. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Мувофиқи нишондоди Шарипов Бобоҷон — Холов И.А. ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулиро гирифта, аз худ намудааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нафароне, ки дучори фиребу қаллобии Холов И.А. гардидаанд, хоҳиш менамояд, ки дар ин хусус ба Вазорат муроҷиат намоянд.

Ҳангоми мусодираи молу амволи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаи Холов И.А. зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда ба инобат гирифта мешавад. Телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21.

Барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ номбурда дар ҷустуҷўи расмӣ қарор дорад.

Март 27, 2021 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд