Аввалин парвози мунтазам байни Душанбе ва Москва 2 апрел тавассути ширкати ҳавопаймоии Россия сурат мегирад

Март 29, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел бо гузашти беш аз як сол Россия парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон барқарор менамояд.  Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  гуфт, 2 апрел  ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» дар масири Москва-Душанбе-Москва парвоз анҷом медиҳад. Рӯзи сешанбе, 6 апрел ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» дар хатсайри Душанбе-Москва –Душанбе парвоз менамояд. Ҳамин тариқ Россия баъд аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Афғониситон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон шашумин кишварест, ки парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор намуд. Мавриди зикр аст, ки парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия бо сабаби хуруҷи бемории сироятии COVID-19 аз 20 марти соли 2020 мувақатан қатъ гардида буданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта роҳандозии парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва  Россия дар  ҷаласаи корӣ, ки  дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» доир гардид, баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки бо иқдомҳои наҷибонаи  пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пайдарпай парвозҳои байналмилалие, ки бо хуруҷи бемории COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор карда мешаванд.

Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуда буд, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва рафтуомади бемушкилии шаҳрвандон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор карда шаванд.

Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, ба парвозҳои мунтазам байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст. Амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд, мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ, ки  дар масири Душанбе- Москва –Душанбе ва Москва –Душанбе –Москва 500 $ барои рафту омад ва 250 $ барои як тараф муайян гардидааст, ба танзим дароранд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Россия шурӯъ аз 1 апрели соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалиро бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка аз нав ба роҳ мемонад.

Ҳоло вазъи коронавирус дар Тоҷикистон мӯътадил аст — аз моҳи январи соли 2021 инҷониб ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба ин беморӣ муайян нагардидаанд. Бо вуҷуди ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти чораҳои зиддиэпидемикӣ, ки онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода роҳбарӣ менамояд, бо исрор риояи чораҳои эҳтиётиро таъкид менамояд: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-  терминалҳои мусофирбар, нақлиёт, мағозаҳо ва муассисаҳои тиббӣ истифодаи ниқоб ҳатмист.

Ёдовар мешавем, ки аввалин  ҳолати сироят ёфтани 15 нафар ба бемории COVID-19  дар ҷумҳурӣ  30 апрели соли 2020 муайян гардида буд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то 28 марти соли 2021  дар кишвар 13308 нафар сироятёфта ба қайд гирифта шуда буданд.  13218 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ки 99,3% -и сироятёфтагонро ташкил медиҳад. Теъдоди  фавтидагон 90 нафар арзёбӣ мегардад.

23 март дар Тоҷикистон маъракаи ваксинатсия (иммунизатсия) бар зидди коронавирус  оғоз ёфт, ки айни замон барои он ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон- AstraZeneca истифода мешавад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар, эмгузаронӣ дар оғоз 20% сокинони кишвар, асосан кормандони соҳаи тиб, шахсони аз 60-сола боло ва нафарони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятиро фаро мегирад.

Март 29, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»