Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ, хати оби нӯшокӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳраки Шӯроб
ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, мулоқот бо мардум ва ифтитоҳи якчанд иншоот ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият самимона истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд бунёд шудааст.
Ҷавонону наврасон имкон доранд дар майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи хурд ва волейбол пешбинӣ шудааст, ба тамрин машғул шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон ва ҷавонону наврасон ба онҳо дастур доданд, ки ҳарчӣ бештар дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона саҳм гузоранд.
Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар баробари бунёди иншооти таъйиноти гуногун ба сохтмони инфрасохтори варзишӣ низ диққати зарурӣ дода мешавад.
Замони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара 210 толору майдончаи варзишӣ бунëд ва ба истифода дода шудаанд, ки дар ин замина дастовардҳои варзишгарон беш аз ҳарвақта зиёд мегардад.
Таваҷҷуҳ ба сохтмон ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара имкон фароҳам овард, ки ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш бештар гардида, онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара хатти оби нӯшокиро, ки барои таъминоти 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозии он 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.
Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, бо қубури қутраш 273-миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.
Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд карда шудааст ва оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара боз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карданд, ки аз онҳо 3 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 кас аз оилаҳои ниёзманд, ятиму маъюб ва 7 нафар мутахассисони ҷавоне буданд, ки дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” фаъолият менамоянд.
Манзилҳои истиқоматӣ аз ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дорои шароити мусоид ва ҷиҳози зарурӣ мебошанд.
Аз ин ғамхории Сарвари давлат, ки пайваста нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ зоҳир карда мешавад, сокинони шаҳраки Шӯроб бо хушнудӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб бунёди иншооти гуногун ва дигар корҳои ободонӣ вусъат дошта, ҳамзамон дар шаҳрак тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии ҳудуди биноҳои истиқоматӣ, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо ва сабзкорию ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад.
Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Сокинони заҳматқарин ва ҳунарманди шаҳри Исфара дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррасу фаъол дошта, дар ин ҷо беҳтарин намунаҳои офаридаҳои хешро ба намоиш гузоштанд, ки ҷолибу диданӣ ва қобили таваҷҷуҳ буд.
Ҳунари кадбонуҳои шаҳри Исфара низ дар омода кардани маводи ғизоӣ, аз ҷумла номгӯи васеи нону кулча, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни қаннодӣ шоистаи таҳсин аст, ки ҳар номгӯи он тамъу лаззати хос доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ аст, баҳои сазовор дода, таъкид намуданд, ки ҳарчӣ бештар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондашударо зиёд намоянд.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолии яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳри Исфара — Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” рӯ ба афзоиш буда, танҳо соли сипаригардида 73 ҳазору 939 тонна ангишт истихроҷ карда шудааст.
Маҷмуан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара бо бунёди корхонаҳои хурду бузург сол то сол бештар гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.