Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар заминро ба истифода дода, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии «Шукрулло» дар Истаравшан оғоз бахшиданд

Апрель 8, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”,  “Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.

Барои обёрии заминҳои 4 хоҷагӣ чоҳи амудӣ аз чуқурии 120 метр канда шуда, бо ҳамин масъалаи таъмини заминҳои мавзеи мазкур бо оби полезӣ пурра ҳалли худро пайдо намуд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, то ин дам дар 20 гектар замини ин мавзеъ танҳо ғалладонагии лалмӣ корида мешуд, ки ҳосили паст дошт. Акнун бо ифтитоҳи хати обрасонӣ имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо дигар навъи зироати кишоварзӣ низ кишт карда шавад.

Заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел” ва ”Турсунбой-бобо” аз рӯйи баҳогузории олимони соҳа серҳосил буда, бо дастрас гардидани оби полезӣ имконият аст, ки аз ҳар гектари он ба ҳисоби миёна то 700 сентнер пиёз, 300 сентнер картошка ва аз 20 то 40 сентнер ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шавад.

Обёрӣ гардидани заминҳои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат амалӣ гардида, хоҷагидорон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ истеҳсолотро зиёд намуда, ба ҳамин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо давоми бештар аз ду соли охир дар шаҳр 659 адад чоҳи амудӣ канда шудааст. Танҳо дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҷарқӯрғон 5 чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба ин васила заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гардиданд.

Пас аз ифтитоҳи хати обрасонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди токзори навъи “кишмиш” дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.

Боғи нав ба хотири васеъ намудани майдони токзор дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дар масоҳати 1 гектар замин бунёд гардида, дар он парвариши токи навъи “кишмиш” роҳандозӣ карда мешавад.

Барои бунёди токзори мазкур ниҳолҳои навъи маҳаллӣ, ки ба иқлиму хоку оби минтақа мутобиқ аст, истифода гардида, дар сурати нигоҳубини дуруст дар давоми се–чор сол токзор ба ҳосил медарояд.  Тибқи баҳогузории пешакӣ, аз як гектар токи навъи мазкур то 100 сентнер ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Токи “кишмиш” барои истеҳсоли мавиз истифода гардида, маҳсулоти мазкур дар бозорҳо серхаридор аст.

Токзори нав дар ҳудуди деҳоти “Зарҳалол” бунёд гардида, дар маҷмӯъ майдони умумии ин навъи токзор дар ин деҳот ба 450 гектар расонида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз 1710 гектар токзори “кишмиш”, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан мавҷуд аст, ҳамасола то 10 ҳазор тонна мавиз истеҳсол гардида, ҳам ба бозорҳои дохил ва ҳам ба бозорҳои хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини дурусти токзори нав ба масъулину хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ “Адл”, иштирок дар чорабинии наврӯзии деҳа ва боздид аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дар шаҳри Истаравшан 08.04.2021

Апрель 8, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт