Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус баргузор шуд

Апрель 6, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамраисони ҳайатҳои комиссия — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко иштирок намуданд.

Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сафари ҳайати Беларус дар давлати мо аз 5 то 8 апрел  идома меёбад.

Дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушди иқтисод, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои муҳими байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҳарду ҷониб ҳавасмандӣ изҳор гардид.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус сафари корӣ намуданд, ки зимни ин сафар Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодаи захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот ба имзо расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд, ки ин албатта, барои таъмиқи муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеӣ фароҳам месозад.

Апрель 6, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид