Ҷаласаи Гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои узви ИДМ доир шуд

Апрель 9, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои ИДМ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, инчунин масъули Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа ҳолати иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои мазкур ва мувофиқа намудани маводи ҷаласаи навбатӣ, ки соли равон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон доир карда мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, аъзои Гурӯҳи кории Шӯро лоиҳаи қарорҳои марбута оид ба масъалаи супоридани раисии Шӯро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Ҷумҳурии Озарбойҷон, бахшида ба 30-солагии таъсиси ИДМ ҳавасмандгардонии аъзои Шӯро, инчунин лоиҳаи Нақшаи кории Шӯро барои солҳои 2021-2022-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур карданд.

Дар маҷмӯъ, ҷаласаи мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён барои ҳамкории минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.

Апрель 9, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид