Ҳашт узви як хонавода дар Нангарҳори Афғонистон ҳангоми адои намоз кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Волии Нангарҳор Зиёулҳақ Амирхел мегӯяд, ки шоми шанбе (17 апрел) ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Нангарҳор, маркази вилояти Ҷалолободи Афғонистон ҳашт узви як хонавода кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Вай афзуд, ки ин ҳодиса тахминан соати 9 шаби шанбе рух дод. Афроди кушташуда ҳангоми адои намоз дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи нуҳуми шаҳри Ҷалолобод аз ҷониби ашхоси мусаллаҳи ношинос тирборон шуданд.
«Дар ин ҳодиса панҷ писар ва се ҷияни Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб кушта шуданд ва баррасиҳои нахустин нишон медиҳанд, ки эҳтимол ин ҳодиса дар натиҷаи хусумати шахсӣ рух додааст».
Вай таъкид кард, ки мақомоти таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






