БА ИҒВОЮ ФИТНА ДОДА НАШАВЕД! Муроҷиати Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 30, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар робита ба даргириҳои рӯзи гузашта дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба ҳамватанонамон муроҷиат намуда, онҳоро ба сабру тоқат ва дода нашудан ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намудааст.

Дар муроҷиатнома, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот дар минтақа буд ва мемонад. Даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарду ҷонибро ба ташвиш андохтааст. Бо талоши муштараки роҳбарони идораҳои марбута ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ва Бодканд қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд.  Инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.

Дар айни замон гурӯҳи кории муштарак даст ба кор шуда, умед аст, ки сулҳу дӯстӣ ғалаба кунад. Ҷониби Тоҷикистон низоми оташбасро риоя мекунад ва айни ҳол дар марз оромист. Дар тамоми ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оташбас риоя шуда истодааст.

Аммо, мутаассифона, бархе сомонаҳои кишвари ҳамсоя ҳодисаҳои рӯзи гузаштаро асос намуда, ба иғвою дасиса роҳ дода истодаанд.

Бинобар ин, даъват мекунем, ки пеши роҳи ҳама гуна иғвову фитнаангезӣ, ки тавассути бархе расонаҳои хабарии ҳамсоягон роҳандозӣ шудааст, гирифта шавад.

Иттилоъ дар ин бора бояд аз манбаъҳои муътамад гирифта шуда, истифода гардад, на аз  овозаҳои беасос».

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 30, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд