Ба шиори олимпӣ калимаи «якҷоя» илова хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар ҷаласаи навбатии фосилавӣ дар қатори дигар мавзӯъҳо пешниҳоди президенти КБО Томас Бахро оид ба илова кардани калимаи «якҷоя» бо тире ба шиори олимпии «зудтар, баландтар, қавитар» баррасӣ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин идея ба Иҷлосияи 137-уми КБО моҳи гузашта пас аз интихоби дубораи президент Томас Бах манзур шуда буд. Пешниҳод барои шиор бо забонҳои гуногун чунин хоҳад буд:
Лотинӣ: «citius, altius, fortius – communis»
Англисӣ: «faster, higher, stronger – together»
Фаронсавӣ: «plus vite, plus haut, plus fort – ensemble»
Тоҷикӣ: «зудтар, баландтар, қавитар – якҷоя»
Русӣ: «быстрее, выше, сильнее — вместе»,
Ин пешниҳод аллакай аз ҷониби бисёриҳо, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Пйер де Кубертен дастгирӣ ёфт.
Шӯрои иҷроияи КБО ин идеяро дастгирӣ кард ва акнун ба муҳокимаи аъзои КБО манзур карда мешавад. Вобаста ба натиҷаи ин машварат, пас аз се моҳ Иҷлосияи КБО дар Токио метавонад қарор қабул кунад.
Дар акс президенти КБО Томас Бах. Акс аз EPA-EFE/JEAN-CHRISTOPHE BOTT








Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд






