Бар асари таркиш дар Кобул як нафар ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ҳангоми таркиши минаи канори ҷода дар Кобул як хизматчии низомии Артиши миллии Афғонистон кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.
Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фарамарз рӯзи якшанбеи 4 апрел ба хабарнигорон гуфт, ки таркиш тақрибан соати 8:40 дақиқаи субҳ дар мавзеи Қарғаи вулусволии Пағмон рух додааст.
Ҷаноби Фаромарз афзуд, ки ҳадафи таркиш як автомашинаи низомиёни афғон будааст.
Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси амнияти миллии кишвар дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки афроди зиёде, ки дар таркишҳо, бахусус таркишҳои минаҳо дар Кобул даст доранд, аз сӯи неруҳои амниятӣ боздошт шудаанд.
Ҷаноби Сироҷ таъкид кард, ки аксари боздоштшудагон аъзои гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) мебошанд ва бо супориши ин гурӯҳ дар Кобул ҳамлаҳои террористиро ташкил ва амалӣ мекарданд.
Инчунин “Садои Амрико” бо истинод ба полиси Кобул иттилоъ додааст, ки 04 апрел як маргталаб бо мошини пур аз маводи тарканда автомашинаи полисро дар мавзеъи Панҷа Чанори вулусволии Пағмон ҳадафи ҳамлаи худ қарор додааст. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ се нафар ҳалок ва 12 нафар захмӣ шуданд.
Полис гуфтааст, ки шумораи қурбониёни ин таркиш метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи бархе аз маҷрӯҳон вазнин аст.
Полиси Кобул бидуни зикри гурӯҳе гуфт, ки «террористони ваҳшӣ» ин ҳамларо анҷом доданд.
Ҳеҷ гурӯҳе ё шахсе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






