Бар асари таркиш дар Кобул як нафар ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуданд

Апрель 5, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ҳангоми таркиши минаи канори ҷода дар Кобул як хизматчии низомии Артиши миллии Афғонистон кушта ва  се нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фарамарз рӯзи якшанбеи 4 апрел ба хабарнигорон гуфт, ки таркиш тақрибан соати 8:40 дақиқаи субҳ дар мавзеи Қарғаи вулусволии Пағмон рух додааст.

Ҷаноби Фаромарз афзуд, ки ҳадафи таркиш як автомашинаи низомиёни афғон будааст.

Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси амнияти миллии кишвар дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки афроди зиёде, ки дар таркишҳо, бахусус таркишҳои минаҳо дар Кобул даст доранд, аз сӯи неруҳои амниятӣ боздошт шудаанд.

Ҷаноби Сироҷ таъкид кард, ки аксари боздоштшудагон аъзои гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) мебошанд ва бо супориши ин гурӯҳ дар Кобул ҳамлаҳои террористиро ташкил ва амалӣ мекарданд.

Инчунин “Садои Амрико” бо истинод ба полиси Кобул иттилоъ додааст, ки 04 апрел як маргталаб бо мошини пур аз маводи тарканда автомашинаи полисро дар мавзеъи Панҷа Чанори вулусволии Пағмон ҳадафи ҳамлаи худ қарор додааст. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ се нафар ҳалок ва 12 нафар захмӣ шуданд.

Полис гуфтааст, ки шумораи қурбониёни ин таркиш метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи бархе аз маҷрӯҳон вазнин аст.

Полиси Кобул бидуни зикри гурӯҳе гуфт, ки «террористони ваҳшӣ» ин ҳамларо анҷом доданд.

Ҳеҷ гурӯҳе ё шахсе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Апрель 5, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд