Барои воридот ва паҳн кардани долларҳои қалбакӣ дар Душанбе 4 нафар боздошт гардиданд

Апрель 26, 2021 14:16

ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қиматнок, ки омили таъсиррасонанда ба рушди бонизоми иқтисоди миллӣ маҳсуб мешавад, дар ҳудуди пойтахт як ҳолати ҷиноят ошкор гардид.  Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят 4 нафар шаҳрвандон- Искандаров Сулаймон Сайвалиевич, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ; Гулаҳмадов Искандар Исмонович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи  Фирдавсӣ; Шукуров Фирдавс Меъроҷович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи кӯчаи П.Сулаймонии ноҳияи  Сино; Эгамқулов Сорбон Хуршедович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Деҳотии ноҳияи  Фирдавсии шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ аз дастгиршудагон 26 адад купюраҳои 100-доллара ва 66 адад купюраҳои 50-доллара, ки дар маҷмӯъ 5 ҳазору 900 долларро ташкил медиҳанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд. Тибқи ташхис, асъори мусодирашуда қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопии ранга омода гардидаанд.

Ҳамчунин дар натиҷаи тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Сулаймон Искандаров 14 ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Искандар Гулаҳмадов додааст. Гулаҳмадов Искандар ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд.

Тавре аз нишондоди дастгиршудагон бармеояд, гумонбаршудагон асъори қалбакиро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст.

Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 281 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

АКС аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Апрель 26, 2021 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид