БМТ ба «ПКФ Тоҷикистон» барои фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ПКФ Тоҷикистон» барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилоти суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иҷозатнома ба ҶДММ «ПКФ Тоҷикистон» барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилоти суғуртавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» супорида шудааст.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ташкилоти аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилоти суғуртавӣ (аз нав суғуртакунӣ)-ро доранд, оид ба ҶДММ «ПКФ Тоҷикистон» сабти дахлдор ворид намояд.








МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид






