Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва сарҷамъии мардуми мамлакат ба ҳисоб меравад. Парчами миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун рамзи давлат ва миллат дар дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ мешавад. Ин матлабро имрӯз зимни баргузории ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба таърихи Парчами давлатӣ, ҷойгоҳи он дар низоми муқаддасоти миллӣ ва нақши он дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба давлат, миллат, таърих ва арзишҳои миллӣ мебошад. Арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ ҳар шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ободии Ватан саҳми арзанда гузорад.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ ва сарҷамъии мардум дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози мамлакат бояд ба рамзҳои муқаддаси давлатӣ эҳтиром гузошта, бо ҳисси баланди масъулият дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.
Дар идомаи ҳамоиш бо иштироки кормандони бонк роҳпаймоии идона баргузор гардид. Иштирокдорон бо парчамҳо ба роҳпаймоӣ баромада, бо шиорҳои ватандӯстона муҳаббат ва садоқати худро ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз давлату миллатро ифода карданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»













Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд






