Бо иштироки муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар доир шуд

Апрель 29, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шӯро ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини раиси Шӯро, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба ҳамкории вазорату идораҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар доираи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» изҳори назар намуд.

Директори Агентӣ Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-ро, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 20 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, муаррифӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии санади мазкур таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилаллӣ ба ҳисоб меравад, иборат мебошад.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Бойбалазода вазъи нашъамандӣ, сабаб ва омилҳои бақайдгирӣ, аз қайд баровардан, фавт ва заҳролудшавии нашъамандонро дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар идомаи ҷаласа муовинони раисони вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ оид ба иҷрои қарорҳои санадҳои ҷаласаҳои Шӯро дар давраи солҳои 2019-2020 ва сабабу омилҳои зиёд ба қайд гирифта шудани беморони нашъаманд дар минтақаҳои мазкур ҳисобот доданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа масъалаҳои баррасишуда мавриди муҳокима ва музокира қарор дода шуда, мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам инкишоф додани мафкураи тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшанд ва ҷиҳати пешгирии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин радиф оид ба фаъолияти минбаъда нақшаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор барои шашмоҳаи дуюми соли 2021 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Апрель 29, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд