Бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 апрел бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки чанд рӯзи пеш бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Дар нахустин бозии даври сеюм дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар майдони худ дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Се голи мизбононро ҳамлагар Абдухалил Боронов ба нишон расонид. Дар бозии дигари даври севум дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи меҳмон – КМВА «Помир»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се имтиёз овард. Зимнан, ин сеюмин бохти дастаи КМВА «Помир» бо роҳбарии сармураббӣ Алиёр Ашӯрмамадов мебошад, ки бидуни имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин қарор дорад.
Дар бозии охирини даври сеюм дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб сабқаташонро бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима доданд. Ҳарду гол дар нимаи дуюми рақобат зада шуд. Ба голи Абдусамад Самадов меҳмонон бо голи Амирҷони Фаррухзод посух доданд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар садри ҷадвали мусобиқа дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, қарор доранд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 3-юм
«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1
Голҳо: Абдухалил Боронов, 15 (1:0). Абдухалил Боронов, 26 (2:0). Абдухалил Боронов, 33 (3:0). Муҳсин Абдуғаффоров, 60 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Файзканд»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
«Хуҷанд» – КМВА «Помир» – 2:0
Голҳо: Фирдавс Чақалов, 27 (1:0). Ҳоҷибой Зиёев, 71 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
17-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2800 тамошобин.
«Душанбе» – «Хатлон» – 1:0
Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.
Беҳтарин бозигари дидор: Люк Менҷана Леонел («Душанбе»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
17-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.
«Эсхата» – «Равшан» – 1:1
Голҳо: Абдусамад Самадов, 60 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 77 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
18-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-2 | 7 |
| 2 | «Файзканд» (Восеъ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 4-1 | 7 |
| 3 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 3 | 1 | 2 | 0 | 5-3 | 5 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-1 | 3 |
| 5 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-3 | 3 |
| 6 | «Душанбе» (Душанбе) | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-4 | 3 |
| 7 | «Хатлон» (Бохтар) | 3 | 0 | 2 | 1 | 2-3 | 2 |
| 8 | «Равшан» (Кӯлоб) | 3 | 0 | 2 | 1 | 1-2 | 2 |
| 9 | «Истиқлол» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
| 10 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-6 | 0 |
Голзанҳои пешқадам: Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3-тӯбӣ, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 2 тӯб.
Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
КМВА «Помир» – «Душанбе»
«Истаравшан» – «Файзканд»
25-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Равшан» – «Хуҷанд»
«Кӯктош» – «Эсхата»
АКС аз ФФТ








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






