Чанд нафар ҷангҷӯён ва фармондеҳони «Толибон» дар натиҷаи таркиши маводи дастсози худашон ҳалок ва захмӣ шуданд

Апрель 26, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти маҳаллии  Ҳироти Афғонистон аз таркиш дар як захирагоҳи маводи таркандаи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вилоят хабар медиҳанд. Дафтари матбуоти волии Ҳирот рӯзи якшанбеи 25 апрел бо пахши як изҳорот гуфт, ки ин ҳодиса дар вулусволии Паштун Зарғуни Ҳирот рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи рӯзномаи «8 Субҳ» 8am.af.

Дар изҳорот омадааст, ки «Шуморе аз ҷангҷӯён ва фармондеҳони «Толибон», ки дар масҷид машғули сохтани минаҳо буданд дар натиҷаи таркиши маводи дастсози худашон кушта ва захмӣ шуданд».

Бино ба иттилои манбаъҳои мардумӣ, ин ҳодиса дар масҷиди рустои Морободи вулусволии Паштун Зарғун рӯй додааст ва дар ин захирагоҳи маводи тарканда «Толибон» барои маргталабон воскатҳо (камзӯлҳо) месохтанд.

Мақомоти маҳаллии Ҳирот шумораи талафоти «Толибон» -ро шарҳ надодаанд, аммо ба ривояти манобеъи мардумӣ баъзе аз аъзои гурӯҳи «Толибон», ки «барои машваратдиҳӣ дар бораи сохтани воскатҳо барои маргталабон» дар он ҷо ҳузур доштанд, дар ин таркиш кушта шуданд.

То ҳол «Толибон» дар бораи таркиш дар анбори маводи тарканда ва шумораи қурбониён чизе нагуфтаанд.

Вулусволии Паштун Заргун дар шимолу шарқи Ҳирот ҷойгир аст ва рӯзҳои охир шоҳиди задухӯрдҳои шадиди «Толибон» ва неруҳои амниятӣ шудааст. Баъзе сокинони ноҳия аз эҳтимоли ишғоли он аз тарафи «Толибон» ҳушдор медиҳанд.

Апрель 26, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд