Дабири кулли СААД аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боздид намуд

Апрель 26, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-24 апрел аз қитъаҳои марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон дар самтҳои Шӯрообод ва Қалъаихумб дидан кард.

Станислав Зас бо ташкили инфрасохтори сарҳадӣ ва муҷаҳҳаз кардани қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд.

Дабири кулли СААД як зани тоҷикро, ки дар бемористон бо захми тир аз ҷониби кишвари ҳамсоя бистарӣ буд, аёдат карда, аз ёдгории марзбонони ҳалокшуда дидан кард.

Ин сафар аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самти таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил гардид.

АКС: хадамоти матбуоти СААД

Апрель 26, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд