Дар 12 рӯзи охир бар асари ҳамлаҳои «Толибон» дар Афғонистон 63 ғайринизомӣ кушта ва 180 нафари дигар захмӣ шуданд

Апрель 26, 2021 09:56

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маълумоте, ки ҳамарӯза ба «TOLOnews» мерасад, нишон медиҳад, ки сатҳи хушунат пас аз эълони хуруҷи қӯшунҳои хориҷӣ аз Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дар гузориши «TOLOnews», ки 25 апрел  интишор ёфтааст, танҳо дар 12 рӯзи охир 112 тан аз неруҳои интизомӣ ва қудратии Афғонистон кушта ва 76 нафари дигар дар набардҳо ва ҳодисаҳои зидди амниятӣ маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилӣ иддао мекунад, ки дар ҳамин муддат дар ҳамлаҳои «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) 63 ғайринизомӣ кушта ва 180 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Омори ба «TOLOnews» расида нишон медиҳанд, ки сатҳи хушунат пас аз эълони хуруҷи қӯшунҳои хориҷӣ аз Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Чунончи, Кобул шабонарӯзи гузашта шоҳиди як ҳодисаи террори ҳадафманд ва як қатл дар вулусволии Пағмон буд.

Фавод Амирӣ, корманди Дастгоҳи президент шабона дар деҳаи Хоҷа Мусофири вулусволии Пағмон, вақте ба сӯи масҷид равон буд, кушта шуд.

Аз вилояти Майдон Вардак низ хабар расид, ки дар натиҷаи таркидани норинҷаки миномёт дар вулусволии Сайидобод ва ҳамлаи ҳавоӣ дар вулусволии Ҷалрез даҳ сокини осоишта кушта шуданд.

Шарифуллоҳ Ҳӯтак, узви Шӯрои вилояти Майдон Вардак гуфт: «Ҳашт узви як оила дар ҳамлаи ҳавоӣ ба деҳаи Заруланги Ҷалрез ва дар ҳодисаи дигар дар вулусволии Сайидобод чаҳор узви як оила дар ҳамлаи ҳангоми ифтор бар асари таркидани норинҷаки миномёт кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд».

Вазорати корҳои дохилӣ «Толибон»-ро дар талафоти ғайринизомиён гунаҳгор медонад ва мегӯяд, ки ин гурӯҳ иродаи сулҳ надорад.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Ториқ Орин изҳор дошт: «Дар тӯли даҳ рӯзи ахир беш аз 200 ҳамватани мо шаҳид ва захмӣ шуданд».

«Ягона роҳи ҳал ин аст, ки музокироти байнулафғонӣ оғоз шаванд, бо ҳам бинишинанд ва як роҳи ҳал пайдо кунад», — гуфт Ҷовид Софӣ, узви Маҷлиси намояндагон.

Аммо «Толибон» масъулияти талафоти ғайринизомиёнро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ, партоби норинҷакҳои миномётҳо ва мушакҳоро неруҳои ҳукуматӣ анҷом додаанд.

Апрель 26, 2021 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд