Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш-фурӯши сӯзанӣ ва гулдӯзӣ доир мешавад

Апрель 29, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Шанбеи якуми моҳи май дар ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор мегардад. Фестивали мазкур бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, сурат мегирад.

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан» баргузории намоиш-фурӯши намудҳои гуногуни чакан, сӯзанӣ ва гулдӯзӣ дар назар аст.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба АМИТ “Ховар” хабар  доданд, пешниҳоди дархост барои иштирок дар намоиш-фурӯш  тавассути телефонҳои 2231196, 2278650 ба роҳ монда шудааст. Занону бонувони ҳунарманд, ки хоҳиши иштирок дар намоиш-фурӯш доранд, метавонанд тавассути ин телефонҳо номнавис гарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти  Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Ҳамасола баргузор намудани  озмуни «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд.

АКС аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 29, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд