Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд

Ноябрь 20, 2026 18:33

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ–2026 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ансамбл иттилоъ доданд,  дар фестивал 195 гурӯҳи ҳунарӣ аз 155 давлати ҷаҳон иштирок намуд.

Ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи амфитеатри Шурои санъати Покистон сурудҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва инчунин сурудҳои покистониро иҷро намуданд.

Иштироки ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фестивали байналмилалӣ имконияти арзишманд барои муаррифии фарҳанги миллӣ, густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон ва таҳкими дӯстӣ дар байни мамлакатҳо мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2026 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд