Дар доираи Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» муаррифӣ шуд

Апрель 14, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар доираи Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канории маҷозӣ доир карда шуд, ки дар он маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ки ҳамасола таҳия ва нашр мегардад, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои мақомоти  дахлдори кишварҳои аъзои СММ, ташкилоти байналмилалӣ,  созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи онлайн ширкат варзиданд.

Дар кори он Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал ба ҳайси модератор иштирок намуда, масъалаи татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд.

Диққати иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, назорати маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани Сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Маҷаллаи мазкур маводи илмию таҳлилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати инъикос намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кумаки амалӣ мерасонад.

Муаррифии маҷаллаи мазкур дар иҷлосия баҳри сиёсати пешгирифтаи зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила ҷалб намудани кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар хотимаи иҷлосия иштирокчиён бо саволҳо муроҷиат намуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосияи мазкур Ҳабибулло Воҳидзода дар чорабиниҳои канории Ӯзбекистон, Туркманистон ва Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ иштирок карда, сухан гуфт.

Апрель 14, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд