Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Тавре аз шуъбаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввали озмун аз рӯйи номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 34 нафар олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмун донишҷӯён аз рӯи 7 номина: ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат мекунанд.
Мақсад аз баргузории озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Ёдовар мешавем, ки даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 28 апрел доир мегардад.
АКСҲО: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд








«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






