Дар Душанбе 27 ва 28 апрел ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд

Апрель 25, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 25.04.2021 /АМИТ «Ховар» /. Масъалаҳои амнияти низомӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин чораҳои безараргардонии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 27 ва 28 апрел  дар Душанбе баргузор мешаванд, баррасӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии СААД.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа 27 апрел таҳти раёсати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва ҷаласаи Кумитаи  котибони шӯроҳои амнияти СААД 29 апрел таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода баргузор мегарданд.

Дабири кулли СААД Станислав Зас дар ин ҷаласаҳо ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо нақшаҳои муҷаҳҳаз гардонидани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки ташаккулёбии неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи якуми соли 2022 баррасӣ карда мешаванд.

Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баррасии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД шомил аст.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 25, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд