Дар Душанбе ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кори ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон ва Беларус иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо чунин гуфт:
«Мояи сарфарозист, ки ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил дар соле гузаронида мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамчунин раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ-Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба уҳда дорад».
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки низоми мудофиаи ҳавоӣ дар ҳамкории кишварҳои узви ИДМ мавқеи муҳим ишғол мекунад.
Бино ба суханони Вазири мудофиаи ҶТ, ин самт дар бахши ҳамкориҳои низомӣ аз ҳама муҳим аст. Дар тӯли 25 сол корҳои зиёде анҷом дода шудаанд ва системаи муттаҳида намунаи равшани ҳамкории хубу ҳамоҳангшуда мебошад
«Дар баробари ин ман ҳамчун аъзои Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил бо боварӣ гуфта метавонам, ки минбаъд низ дар роҳи мудофиаи зиддиҳавоӣ миёни давлатҳои ИДМ ҳамкорӣ боз ҳам пурзӯр карда мешавад»,-тазаккур дод Шералӣ Мирзо.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки низоми муттаҳидаи Мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар асоси Созишномаи даҳ давлати иттиҳод аз 10 феврали соли 1995 дар Алмаато ба имзо расидааст. Аз ҳамон сол инҷониб 15 машқи муштараки қувваҳои муттаҳида, инчунин 27 машқи фармондеҳӣ-штабӣ бо иштироки низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ ва неруҳои авиатсионӣ баргузор карда мешаванд, ки дар ҷараёни онҳо афсарони навбатдори мудофиаи неруҳои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ тафтиш карда мешаванд. Дар охири ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ба ифтихори 25-солагии низоми муттаҳидаи Мудофиаи зиддиҳавоӣ ба намояндагони давлатҳои иштирокдори ИДМ медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






