Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар шакли ҳузурӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода (Раиси Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД баргузор мегардад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа, ки дар шакли ҳузурӣ баргузор мегардад, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Арманистон Армен Григорян, котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Александр Волфович, Ёрдамчии Президент — Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Рискелди Мусоев ва Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев иштирок мекунанд. Дар нишаст дабири кулли СААД Станислав Зас низ ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи таҳти масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.
Пеш аз оғози ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД котибони шӯроҳои амниятро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд.
Сипас, дар қароргоҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар ҳайати маҳдуд ва васеъ баргузор шуда, дар анҷоми он Протокол ба имзо мерасад.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Дабири кулли СААД Станислав Зас нишасти матбуотӣ доир намуда, дар он оид ба натиҷаҳои ҷаласа маълумот медиҳанд.
АКСИ АМИТ «Ховар»








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






