Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шўрои амнияти СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шўрои амнияти давлатҳо – аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) — Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардид. Ба кори ҷаласа Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раисӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ҷаласаи навбатӣ ҳамаи самтҳо ва арсаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои созмон ва ҷанбаҳои мухталифи масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, таъмини амният дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои СААД, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаи ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ташаккули қувва ва васоити сохтори аҳдномаи дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД, зарурати таҳияи нақшаи муҷаҳҳазгардонии қувваҳои зудамали дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо силоҳи муосир, техникаи ҳарбӣ ва махсус, дар бораи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра аҳамияти хосса зоҳир карда шуда, ҷиҳати пешбурди ин раванд бо истифодаи васеи имконияти мавҷудаи кишварҳои аъзо алоқамандӣ изҳор гардид.
Изҳори умед гардид, ки саъйю талошҳои ҷонибҳо дар татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда самараи дилхоҳ дода, робитаҳои кишварҳои аъзо тақкими бештар пайдо хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҷаласа якчанд санадҳои дорои аҳамияти муҳим ба имзо расиданд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»























ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






