Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) 27 апрел дар Душанбе таҳти раёсати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор гардид.
Дар кори он вазирони мудофиаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Арманистон, Дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирок намуданд.
Масъалаҳои баррасишуда аз вазъ дар минтақаҳои гуногуни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, чораҳои безараргардонии онҳо, инчунин масъалаҳои рушди ҷузъи низомии Созмон, ки бо дарназардошти воқеиятҳои имрӯза аҳамият ва муҳимияти хос пайдо мекунанд, иборат буданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ Созишнома дар бораи салоҳият ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои марбут ба ҳузури муваққатии қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20 — солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории СААД бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, муҷаҳҳаз кардани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СААД бо аслиҳаи муосир, техникаи низомӣ ва махсус, воситаҳои махсус, Нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташаккули неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2022 маъқул дониста шуданд.
Вазирони мудофиа инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бораи вақт ва ҷои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва сохтори қолабии Фармондеҳии Неруҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар ҷараёни тамрини даставӣ — ситодӣ озмоиш ва бо дарназардошти натиҷаҳои мувофиқасозии дохилӣ коркард шудаанд, баррасӣ карданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»










Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






