Дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар доираи эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021» дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун»-и пойтахт Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қабл аз оғози фестивал иштирокдорон аз намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзӣ, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибони шаҳри Душанбе ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, мақсади асосии баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.
Дар Фестивал таъкид гардид, ки мояи хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Оши палав» ва ҷашни Наврӯз ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.
Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.
Дар фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Дар фароҷоми чорабинӣ ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.













Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






