Дар Душанбе Конфронси 16-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои ҳалли онҳо» Конфронси 16-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода, Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилноза Аҳмадзода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтии сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфӣ, олимону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ки «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳамчун маркази илму хирад, муҳаррики пешбарандаи илми тибби мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин боргоҳи илму хирад олимони барҷастаи соҳаи тиб фаъолият намуда, дар баробари таълиму тарбия ба корҳои тадқиқотиву навоварӣ машғул мебошанд. Онҳо ҳамзамон дар рушди илми тибби тоҷик ва ҳалли мушкилоти соҳа нақши арзанда доранд. Баргузории ин конфронси илмию амалӣ натиҷаи заҳмату меҳнатҳои содиқонаи олимони ин боргоҳ ба ҳисоб меравад».
-Ҳадафи баргузории конфронси илмӣ-амалӣ- ин ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ барои олимони ҷавон, бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон ба корҳои илмию тадқиқотӣ, фароҳам овардани шароиту имконияти озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ бо олимони ҷавони муассисаҳои илмию таҳсилотии мамлакатҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад»,- гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор намудани чунин конфронс аз иқдомҳои созандаи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар татбиқи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки Ҳукумат дар ҳама самтҳои рушди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба неруи ҷавонон ҳамчун насли ояндасози ватан боварӣ дорад.
«Дар низоми кунунии сиёсати мамлакат омода кардани мутахассисону олимони ҷавони соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро саломативу тандурустии аҳолӣ дар радифи дигар сарватҳо аз ҷумлаи муҳимтарин сарватҳои мамлакат мебошад. Дар татбиқи сиёсати роҳбарияти олии ҷумҳурӣ дар самти ҳифзу нигаҳдории саломатии мардум саҳми устодону олимон, муҳаққиқони варзидаю олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ сазовори таҳсин мебошад»,- афзуд Вазири маориф ва илм.
Ба андешаи Дилноза Аҳмадзода, дар фазои маҷозӣ пайваст гардидани олимону муҳаққиқон аз хориҷи кишвар ва баргузории конфронс дар чунин давраи ҳассос иқдоми нек мебошад.
«Конфронси имрӯза, ки бо иштироки олимону муҳаққиқони ҷавон доир мегардад, шаҳодати он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон худро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва таъминкунандаи тамоми шароит барои олимону муҳаққиқони ҷавон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ муаррифӣ кардааст»,- гуфт мавсуф.
Дар конфронс дастовардҳои донишҷӯён ва олимони ҷавони ватанӣ ва кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои онҳо, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарию амалӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ карда шуданд. Мавзуъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои бахшҳои равиявӣ ва масъалаҳои мубрами паҳлуҳои мухталифи илми тиб, аз ҷумла ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия, микробиология, иммунология, вирусология ва дорушиносӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори конфронси мазкур роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муҳассилину олимони ҷавон аз Федератсияи Россия, Украина, Ӯзбекистон ваҚазоқистон ба тариқи онлайн ширкат намуда, ба кори конфронс баҳои баланд доданд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»










Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






