Дар Хуҷанд даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» баргузор шуд

Апрель 21, 2021 11:14

 ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  20 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандии шаҳри хуҷанд  даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур беш аз 150 нафар довталабон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи  номинаҳои «Намоиши либоси кӯдакона», «Намоиши либоси рӯзмарра», «Либоси маросимӣ ва идона» ва «Либосҳои расмӣ» иштирок намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни фестивал намоиши ҳунари чакандӯзони шаҳри Хуҷанд пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Дар намоишгоҳ намунаҳои сершумори  ин санъати бостонии тоҷикон, аз қабили  либосу лавозимоти  рӯзгор-курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, зардеворӣ, тоқӣ,  гаҳворапӯш, ки бо нақшҳои  гуногун оро дода шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода аз намоишгоҳ дидан намуда, иброз дошт, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Аз ин рӯ бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар мамлакат ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

«Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастуру  ҳидоятҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои  миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки  ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад»,- гуфт Фирӯза Нуруллозода.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тасдиқ шудааст, ҳамасола шанбеи якуми моҳи май дар мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир мегардад. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври шаҳрии ин Фестивал-озмун доир гардида истодаанд.

Мақсад аз баргузории  Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» арҷгузорӣ  ба мероси пурғановати таърихию  фарҳангии миллат мебошад.

АКС: аз сомонаи МИҲД вилояти Суғд

Апрель 21, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд