Дар Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт

Апрель 8, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавзӯи «Иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» муҳокимаи парламентӣ  баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Абдухолиқзода иброз намуд, ки 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

«Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат. Маҳз ҳамин ташаббуси Роҳбари давлат дар навбати худ баҳри таҳияи барномаи махсус барои рушди соҳаи сайёҳӣ асос гардид.

Дар самти тадбирҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он омехта ҷиҳати беҳдошти фаъолият дар доираи Барномаи мазкур «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2019-2022 оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар самти «Такмили ихтисоси кадрҳо ва таъминоти илмӣ-методии соҳаи сайёҳӣ» низ якчанд корҳои муфид ба анҷом расонида шуданд.

Имрӯзҳо дар 14 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ 2112 нафар ва дар коллеҷҳо 550 нафар аз рӯи 16 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар Паёми соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуд.

Барои амалӣ намудани қисми «Таъмини бехатарии сайёҳон» корҳо ба анҷом расонда шуданд, ки бо мақсади густариши ҳамкории муфид ва барои ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани хавфи оқибатҳои нохуш равона карда шуданд.

Дар ин самт метавон ҳамкории судманди Кумитаро бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ки ба беҳбудиву бехатарии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сайёҳони хориҷӣ равона гардидаанд, зикр намуд.

Бо мақсади андешидани тадбирҳои муфид ҷиҳати муаррифии имконияти сайёҳӣ, табиати назаррабои диёри зебоманзари кишварамон ва маконҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифӣ ва ҳифзи ҳайвоноту набототи нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон таъсиси хатсайри экологӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ равона гардидааст, ки дар ин самт низ аз ҷониби Кумита корҳои муфид ба анҷом расонида шудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ корҳои назарраси бисёр ба анҷом расонида шудаанд, ки дар натиҷа имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба маротиб афзуд ва ҷуғрофияи ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба мамлакат зиёд гардид.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли 2018 нишондиҳандаҳо то ҳадди имкон натиҷагирӣ карда шуда, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 млн. 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли пеш 2,6 маротиба зиёд мебошад. Соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 1 млн. 257 ҳазору 300 нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардиданд.

Новобаста аз корҳои ба анҷом расида, дар самти рушди сайёҳии кишвар камбудиву норасоиҳои зиёд низ мавҷуд аст, ки бо тақозои замони муосир мебоист онҳоро ҳарчи зудтар бартараф намуд.

Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди иштирокчиёни муҳокимаи парлумонӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ва дигарон  сухан гуфтанд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ мутобиқи банди 277 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи муҳокимашавандаи  «Иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо назардошти таклифу эродҳои зикршуда қарор ва тавсияҳо қабул карда шуданд.

АКСҲО: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Апрель 8, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш доир шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид
Дар Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва банақшагирии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуданд
«КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид