Дар семоҳаи якум дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна семент истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 1 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,5 ҳазор тонна зиёд аст, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли гузашта дар ҳамин давра истеҳсоли семент дар кишвар 5,6 фоиз афзудааст. Дар кишвар 16 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд.
Қаблан хабар дода будем, ки талаботи дохилии ҷумҳурӣ ба семент солона 3-3,5 миллион тонна тахмин зада мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон навъҳои сементи 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешаванд.
Соли гузашта дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол гардида буд, ки беш аз 1,3 миллион тоннаи он ба маблағи 59,7 миллион доллари амрикоӣ ба кишварҳои ҳамсоя –Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот шудааст.
Бо дарназардошти татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, инчунин афзоиши воридот ба кишварҳои ҳамсоя дар назар аст, ки имсол истеҳсоли семент дар қиёс ба соли гузашта афзоиш дода шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад






