Дар семоҳаи якум дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна семент истеҳсол шудааст

Апрель 30, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар  Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 1 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  54,5 ҳазор тонна зиёд аст, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли гузашта дар ҳамин давра истеҳсоли семент дар кишвар 5,6 фоиз афзудааст. Дар кишвар 16 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд.

Қаблан хабар дода будем, ки талаботи дохилии ҷумҳурӣ ба семент солона 3-3,5 миллион тонна тахмин зада мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон навъҳои сементи  400, 500 ва 600  истеҳсол карда мешаванд.

Соли гузашта дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол гардида буд, ки беш аз 1,3 миллион тоннаи он ба маблағи 59,7 миллион доллари амрикоӣ ба кишварҳои ҳамсоя –Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот  шудааст.

Бо дарназардошти татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, инчунин афзоиши воридот ба кишварҳои ҳамсоя дар назар аст, ки имсол истеҳсоли  семент дар қиёс ба соли гузашта афзоиш дода шавад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 30, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид