Дар шаҳри Панҷакент нахустин гурӯҳи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд

Апрель 2, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Панҷакент як гурӯҳ наваскарони ихтиёрӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Дар маросими гусел раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент иштирок намуданд.

Фаъолҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент дар ин рӯз бо симои идона барои пос доштани арзиши волои қарзи шаҳрвандии худ дастаҷамъона гирди ҳам омада, бо шиору овезаҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ дар хиёбони марказии шаҳри Панҷакент роҳпаймоӣ намуданд.

Раиси шаҳри Панҷакент А. Холиқзода дар «Кохи Лоиқ» бо гурӯҳи аввали даъватшудагон мулоқот намуда, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳамаи ҷавонони саодатмандро бо оғози маъракаи даъвати баҳорӣ ва хизмат ба Модар-Ватан табрик намуд.

Зикр гардид, ки падару модарон ва кулли сокинони барӯманди шаҳру деҳоти Панҷакент аз ҳар яки шумо ҷавонони шуҷои Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, хизмати содиқона ва интизоми намунавӣ, ахлоқу одоби баланд, ҷасорату корнамоиҳо интизоранд.

Мавриди зикр аст, ки 75 нафар ҷавонон ба таври ройгон мактаби ронандагиро бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хатм намуда, дорои шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.

Барои даъватшудагон дастархони идона ороста шуда, пас аз анҷоми маросим онҳо ба қисмҳои низомии кишвар гусел карда шуданд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 2, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд