Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба 45 фоиз баробар шуд

Апрель 5, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 апрели соли равон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии  ҳарбӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат муташаккилона оғоз ёфта, иҷрои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз дар маҷмӯъ ба 45 фоиз баробар гаштааст. Дар ин бора  сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. 

-Миёни дигар минтақаҳо дар баробари ВМКБ шаҳри Душанбе пешсаф мебошад. Дар 4 ноҳияи пойтахт иҷрои маъракаи даъват ба 64 фоиз баробар аст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ, 13 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи маъракаи хизмат хабар додаанд,-афзуд Фаридун Маҳмадализода.

Мавсуф зикр кард, ки дар рӯзи нахустини ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Ба ҳамин тартиб иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 35 фоизро  ташкил дода, ноҳияи Шаҳристони ҳамин минтақа аз иҷрои нақшаи пурраи даъват гузориш дод.

Ҳамзамон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 35 фоиз баробар аст. Аз байни  дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аввалин шуда, ноҳияи  Носири Хусрав ва баъдан Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъватро пурра ианҷом доданд.

Ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ -даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бо мааром идома дошта, иҷрои нақша дар ин минтақа 59 фоизро ташкил медиҳад. То ин муддат ноҳияҳои Сангвор ва шаҳрҳои Ваҳдату Шаҳринав аз иҷрои пурраи даъват гузориш доданд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад

 Акс аз бойгонӣ

Апрель 5, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд